Пораабри сафеди чингизхон

Пораабри сафеди чингизхон

Жанры: Советская классическая проза

Авторы:

Просмотров: 7

Чингиз АЙТМАТОВ

ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Тарљумаи Низом ЌОСИМ

E-mail: nizom_kosim@mail.ru

Пораабри сафеди чингизхон

Ба хонанда ќиссае аз роман манзур мешавад. Чист ин – жанри нав оё? Табиист, ки чунин жанр вуљуд надорад. Вале, агар ба назар бигирем, ки дар зиндагї рухдоди ягон чиз аз имкон дур нест, ќиссае аз романи «Рўзе њаст дарозтар аз ќарн» мавриди назар аст, ки дар маљаллаи «Новый мир» чоп шуда буд. Аз тафсилоти он ки чаро дар он даврони њукмравоии идеологї, ки сензорњои њамабин ва «фикрњои боло» таќдири асарро ба таври маъмурї њал мекарданд, нахустќаринаи роман бе ин пора нашр шуд, худдорї мекунам. Бисёр мешуд, ки ба хотири маљмўан «гузаштан»-и китоб аз баъзе порањо сарфи назар кардан лозим меомад, то ки, образнок бигўем, киштии дар он тўфони шадид љониби соњилњои хонандагон равон аз њад зиёд гаронбор нашавад.

«Суруди носурударо то охир сурудан» на њамеша муяссар мегардад. Вале ин дафъа чунин имконият даст дод. Ва ман … ин пораи романи куњнаи «нав»-амро манзур мекунам. Бояд бигўям, ки дар ќисса яке аз ривоятњои шифоњии бодиянишинон оид ба Чингизхон, устурае, ки ба воќеияти таърих кам нисбат дорад, вале аз хотираи мардум зиёд шањодат медињад, корбаст шудааст.

Ќаторањо дар ин бару бум аз ѓарб ба шарќ мерафтанду аз шарќ ба ѓарб…

Дар он шабњои бўронии бањманмоњ, њини убури тумани сафеди паррон, ки бодњо аз њамвории сарди Сарой бармехезонданд, ќаторабонњоро љидду љањди зиёд лозим буд, то миёни барфтўдањои дашти бекарон нимистгоњи Бўрониро ташхис бикунанд. Ќаторањои нимишабии гирдбодолуд дар он тирагї, чун дар хобњои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…

Дар чунин шабњо дунё гўё аз бесомонии азалии хеш бори дигар тавлид мешуд – дашти Сарой, дар банди сардии нафаси хеш, уќёнуси пурѓубореро мемонд, ки дар задухўрди пуразоби нуру зулмот пайдо шудааст…

Ва дар он фазои бењудуди биёбон њар шаб то сањар равзанаке дар нимистгоњ рўшанї мекард; гўё он љо, пушти он тиреза, касе бањасрат љон меканд, гўё он љо касе сахт бемор буду љои шиштан намеёфт ё аз бехобии мудњише азоб мекашид. Он тирезаи кулбаяки назди нимистгоњ буд, ки хонадони Абўтолиб Ќуттибоев мезист. Зану бачањояш, то сањар чароѓро хомўш накарда, роњи ўро мепоиданд, Зарифа шаби дароз чандин бор пилтаи чароѓ тоза мекард. Ва њар бор, дар рўшноии њар шўълаи нав, нигоњи ў беихтиёр дар рўи кўдакони масти хобаш ќарор мегирифт – ду писари сарсиёњакаш, чун ду баррача, ором мехуфтанд. Тањи як куртаи тањпўш баданаш ба ларза медаромад ва ў, дастонашро ба сари сина фишурдаву дар худ њалќа зада, ба дањшат меафтод, ба бачањакњош нигариста, метарсид, ки падарашонро хоб мебинанд, дар хоб бо тамоми ќувват сўяш медаванд, дастаконашонро бол карда, гириставу хандида, бањсмабањс метозанд, вале њељ ба ў намерасанд… Дар бедориашон онњо аз њар ќатораи роњгузаре, ки аќаллан ним даќиќа дар истгоњашон меистод, фуромадани падарро мунтазир мешуданд. Њанўз ќатора наистода, бачаякон назди тиреза калла мекашиданду тайёр буданд аз дилу љон ба истиќболаш битозанд. Вале падарашон намеомад, рўзњо мегузаштанду аз ў дараке набуд, гўё тањи тармаи баногањ кандаи кўњ монда буду касе намедонист ин њодиса бо ў дар куљо ва кай рух додааст…

Ва боз як тиреза, тирезаи панљараи оњанидоре дар гўшаи дигари дунё, дар нимтањхонаи мањбаси тафтишотии Алмаато низ он шабњо то сањар рўшан буд. Расо як моњ инљониб Абўтолиб Ќуттибоев аз нури чароѓи пуриќтидори барќї, ки дар саќфи мањбас фурўзон буд, ранљ мекашид. Дуои баде буд, ки гирифташ. Намедонист сарашро ба куљо бизанад, чашмони ранљургаштаву сари сахташро аз нури сўзону буррони барќ чї гуна њимоят бикунад, то аќаллан як лањза худро фаромўш бисозаду аз ёд бубарад, ки барои чї ин љост ва аз ў чї мехоњанд. Шабњо, њамин ки куртаашро ба сар кашида, рў сўи девор мекард, њамоно нозири мањбас барќосо ба камера медаромаду ўро, аз кати чўбї поён афканда, зери лагад мегирифт: «Рўятро сўи девор накун, палид! Саратро напўшон, власовчии мурдор!» Ва њарчанд доду фарёд мекард, ки власовчї нест ў, ононро ба ин коре набуд.

Ва боз, рў ба нури беамони барќ оварда, як каме чашмони бењолшудаю варамидаашро нимпўш карда, аз дилу љон дар орзўи торикистон, дар њаваси дунёи тип-торики бенуре мешуд; гўр њам бошад, майлаш, гўре, ки дар он чашмону майна аз мављудият бозмемонанд ва он гоњ ягон нозиру ягон муфаттиш имкон надорад гирифтори ин азоби тоќатфарсо - рўшноии мудњишу бехобию латукўбњояш бикунад.

Нозирон банавбат иваз мешуданд, вале яке аз дигаре батар буд – ягон нафараш заррае рањм надошт, ягонтааш рў сўи девор гардондани мањбусро нодида вонамуд карда наметавонист, баръакс, њамаашон, гўё њаминро интизор буданд, ки дарњол бо хашму њаќорат ба латукўб мепардохтанд. Абўтолиб Ќуттибоев, бо вуљуди он ки моњияту вазифаи нозири мањбасро медонист, баъзан навмедона аз худ мепурсид: «Барои чї ин хеланд онњо? Ба зоњир одаманд-ку! Чї гуна чунин золим шудан мумкин бошад? Охир, ман ба ягонтаашон бадї накардаам. То њол онњо маро намедонистанду ман – онњоро, вале чунон мезананду тањќир мекунанд, ки гўё ќасди азалї дошта бошанд. Барои чї? Аз куљо пайдо мешаванд чунин одамон? Чї хел ин гуна бешафќату золим мешаванд? Барои чї маро ин ќадар азоб медињанд? Чї хел тоќат кунам, ки девона нашавам ё сарамро ба девор зада майда накунам?! Илољи дигар нест, охир».